Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия: Дар Сурия силоҳи кимиёӣ истифода шудааст


Бекир Боздаг, вазири адлияи Туркия
Бекир Боздаг, вазири адлияи Туркия

Туркия гуфт, ки санҷиши ҷасади се қурбонии ҳамлаҳои ҳафтаи ҷорӣ дар Сурия истифода шудани силоҳи кимиёиро дар ин ҳодиса собит мекунад. Хабаргузории Anadolu дар нақли қавл аз вазири адлияи Туркия Бекир Боздаг рӯзи 6 апрел навишт, ки санҷиши ҷасади се қурбонӣ “собит кард, ки президенти Сурия Башор Асад аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст”. Боздаг гуфт, ки дар ҷараёни ин санҷиши тиббӣ мутахасассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт иштирок кардаанд. Вале ҳанӯз ин созмон изҳороти мақоми туркро шарҳ надодааст. Фаъолони суриягӣ гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои рӯзи 4 апрел дар шаҳри шӯришиёни Хон Шайхун дар вилояти Идлиб 86 нафар кушта шуданд. Аз миёни осебдидаҳо 32 нафарро барои муолиҷа ба Туркия интиқол доданд ва се нафари онҳо даргузаштанд.

ИМА ва кишварҳои дигар режими Асадро дар истифодаи ҳамлаи кимиёӣ муттаҳам мекунанд. Димишқ ва муттафиқаш Русия мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия як корхонаи силоҳи кимиёиро бомбаборон карданд, вале ИМА ин иддаоҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG