Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳукми махфии тоҷирони туркман ошкор шуд


Бахши туркмании Радиои Озодӣ матни ҳукми додгоҳро нисбати тоҷирон ва омӯзгорони пешини муассисаҳои таълимии туркӣ, ки ҳоло фаъолияташон дар Туркманистон манъ шудааст, дастрас кард.

Ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ 30 нафар ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Ин афрод ба эҳтимоли зиёд дар робита ба ҳаракати "Хизмат"-и руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен, ки аз сӯи мақомоти Туркия дар ташкили табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 айбдор мешавад, боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.

Миёни маҳкумшудаҳо соҳибмулки пешини мағозаи "А-Маркет" Давлат Атаев, соҳибмулки тарабхонаҳои "Мердем" ва "АлпЭт" Расул Атагалдиев, инчунин омӯзгорони пешин ва кормандони литсейҳои туркиву туркманӣ ҳастанд.

Тибқи ҳуҷҷати дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳукми № 2-18 нисбати 18 одам 8 феврали соли 2017 содир шудааст. Ин афрод бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноятӣ: барангехтани низои динию миллӣ ва сармоягузории фаъолияти ҷиноятӣ айбдор шуданд.

Дар паи кудатои ноком дар Туркия мақомоти ин кишвар масъулияти ташкили ин ҳодисаҳоро ба рӯҳонии махруф Фатҳулло Гюсен вогузор карданд. Худи рӯҳонии мустақар дар ИМА ин иттиҳомотро рад мекунад. Вале баъди ин ҳодисаҳо аксар ҳукуматҳои ОМ ба бастани мактабҳои Гюлен дар қаламравашон иқдом карданд.

Мақомот дар Туркманистон, ба бовари коршиносон, бо ҳадафи ҳамкориҳои бештару наздиктари иқтисодӣ бо Туркия ва президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон даҳҳо хатмкардаи мактабҳои туркӣ ва соҳибкорону тоҷирони муваффақро боздошт ва зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG