Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии "Эътилофи зидди шиканҷа" аз пароканда кардани ҳамоиши "Мултикид"


Дафтари “Эътилофи зидди шиканҷа” аз пароканда кардани намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа, ки аз сӯи созмони «Мултикид» ташкил шуд, изҳори нигаронӣ карда, барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба иштирокчиёни он эълони омодагӣ кардааст. Ин созмон дар торнамои худ бо нашри як иттилоия навиштааст: “Касоне, ки аз амалкарди кормандони милитсия ҷабр диданд ва ё шоҳиди нақзи ҳуқуқ буданд, бо рақамҳои 98 708 76 76 ва 98 787 66 66 тамос гиранд."

Пулиси Тоҷикистон рӯзи 1 апрел аз баргузории намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа дар Душанбе ҷилавгирӣ карда ва довталабону меҳмонҳоро пароканда намуд. Қарор буд ин намоишгоҳ рӯзҳои 1 ва 2 апрел дар ошёнаи дувуми Душанбе Плаза ва рӯзи 3 апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Манзура Ҷӯраева – масъули созмони “Мултикид” ва аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ – рӯзи 1 апрел бо пахши изҳороти расмӣ дар чунин ранг гирифтани кор мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро айбдор карда буд.

Ду рӯз баъди ба таври ногаҳонӣ пароканда шудани кори намоишгоҳи имкони таҳсил дар хориҷа, ки ҳар сол аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Мултикид» ташкил мешавад, мақомоти вазорати маориф ва ҳам вазорати умури дохила ба ин ҳодиса вокуниш карданд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми худ дар амри пароканда кардани намоишгоҳи созмони маърифатии «Мултикид» дар рӯзи 1 апрел ҳимоят кард ва гуфт, ин маъракаро муассисонаш бидуни иҷозат мехостанд барпо кунанд. Дар навбати худ вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳам кори полисро дар амри ҷилавгирӣ аз кори намоишгоҳе, ки бо пешниҳоди имкониятҳои таҳсил дар хориҷа ихтисос дорад дуруст номид ва гуфт, ки ҳеҷ қонуншикание нашудааст.

Созмони “Мултикид”, ки ба таълими забонҳои хориҷӣ ва ташкили таҳсили довталабони тоҷик дар берун аз кишвар маъруф аст, аз марказҳои ҷиддӣ ба шумор мерафт. Масъулони созмон мегӯянд, ин дафъа барои иштирок дар намоишгоҳи онҳо ёвари раиси ҷумҳур оид ба равобит бо ҷомеа, муовини шаҳрдори Душанбе, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва сафирони Амрикову Бритониё даъват шуда буданд. Аз рӯи ин барнома солона даҳҳо ҷавони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олии Аврупову Ғарб сафарбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG