Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти узви эҳтимолии "Ҷабҳат ун-Нусра" дар Қирғизистон


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон як сокини маҳаллиро боздошт карданд, ки дар ҳамкорӣ бо созмони мамнуи "Ҷабҳат ун-Нусра" гумонбар аст.

Пулиси Ӯш мегӯяд, шаҳрванди 25-солаи Қирғизистон дар шаҳри Оренбурги Русия бо тиҷорати мошин машғул буд, вале моҳи феврали соли 2015 ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки ба Сурия биравад.

Бино ба фарзияи мақомоти интизомии Қирғизистон, ин ҷавон дар Сурия ба созмони мамнуи "Ҷабҳат ун-Нусра" пайваста, давоми ду моҳ дар машқгоҳи он тамрини низомӣ дидааст. Баъдан ӯро ба гуруҳи "Ғанибат" шомил карда, ба Туркия фиристодаанд, ки боздошт ва ба ватан ихроҷ шудааст.

Боздоштшударо ба кормандони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон супориданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир наздики 600 шаҳрванди Қирғизистон дар задухурдҳои Сурия ва Ироқ ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои террористӣ меҷанганд. Наздики 70 тани онҳо кушта шудaанд.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG