Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсафии ҳизби ҳоким дар интихоботи порлумонии Арманистон


Дар Арманистон баъди баргузидани низоми ҷумҳуриявии порлумонӣ рӯзи якшанбе нахустин интихобот баргузор шуд. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон барои курсӣ дар порлумон бо 8 ҳизбу эътилофи дигар вориди рақобат шуд. Ба огаҳии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Арманистон, 61%-и раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд.

Бино ба назари райдиҳандагон, Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ, ки раҳбарии онро президент Серж Саргсян ба зимма дорад, бо касби 48 дарсади овозҳо дар интихобот пешсаф аст. Аз "Блок Тсарукян"-и мухолиф 25%-и интихобкунандаҳо ҷонибдорӣ карда, блоки "Елк" 10% ва ҳизби "Дашнактсутюн" 5%-и раъйи мардумро соҳиб шудаанд.

Барои ворид шудан ба порлумони Арманистон бояд ҳар як ҳизб 5% ва блок 7%-и овози раъйдиҳандагонро ба даст орад. Ба зинаҳои гуногун аз қонуншиканиҳо дар рафти раъйдиҳӣ шикоятҳо шуда, фаъолони маданӣ дар ин бора низ хабар додаанд. Вале намояндагони ҳизби ҳоким аз мухолифон даъват карданд, ки "таассуроти қонуншикании дастаҷамъӣ"-ро ба вуҷуд наоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG