Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи гузоштани риши “дарози ғайриодӣ” дар Шинҷони Чин


Мақомоти Шинҷон, дар ғарби Чин, алайҳи тундравии мазҳабӣ дар ин минтақа як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ кардаанд. Муқаррарот дар ин замина ҳафтаи гузашта аз тарафи Маҷлиси намояндагони Шинҷон тасвиб шуда, аз 1 апрел ба иҷро даромад. Бар асоси матне, ки дар вебсайти расмии ҳукумат нашр шудааст, ин маҳдудиятҳо шомили "манъи риши дарози ғайриодӣ", "пӯшидани сару рӯй", "шунидан ва тамошои таблиғоти зиддиҳукуматӣ аз тариқи радио ва телевизион" мебошад. Минтақаи Шинҷон маҳалли асосии будубоши мусалмонони ӯйғур аст. Ин минтақа дар солҳои охир шоҳиди нооромии маргбор буд ва Пекин дар ин кор асосан ҷангҷӯёни исломии тундрав ва ҷудоиталбонро айбдор донист. Вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин нооромиҳо натиҷаи сиёсати саркӯбгароёнаи Чин аст.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG