Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТОву Русия дар Брюссел шурӯъ шуд


Йенс Столтенберг
Йенс Столтенберг

Сафирони НАТО ва Русия дар қароргоҳи паймони низомӣ дар шаҳри Брюссел барои ширкат дар ҷаласаи нахустини шӯрои НАТО ва Русия дар соли 2017 гирди ҳам омаданд. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи 30 март гуфт, ки ин гуфтугӯҳо сари масоили назири низои Украина, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва таҳдидҳои минтақавии террористӣ тамаркуз хоҳад кард. Дар робита бо танишҳое, ки дар равобити НАТО ва Русия вуҷуд дорад, Столтенберг гуфт, ки тамаркузи дигари нишаст ба “фаъолиятҳои мусаллаҳона, шаффофият ва коҳиши таҳдидҳо” равона мешавад. Ин нишаст як рӯз пеш аз мулоқоти вазирони умури хориҷии НАТО бо шумули Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико баргузор мешавад.

Баъди ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014 аз ҷониби Русия, НАТО ҳама ҳамкориҳои амалиашро бо ин кишвар қатъ кард, вале иртибототи сиёсиашро бо Маскав дар чаҳорчӯби ин шӯро нигаҳ дошт.

Муовини вазири хориҷаи Русия Алексей Мешков гуфтааст, ки мехоҳад дар ин нишаст масъалаи тавсеаи нирӯҳои НАТО-ро дар марзҳои Русия баррасӣ кунад. НАТО ҳазорҳо сарбоз ва силоҳҳои сангинашро дар Полша, кишварҳои назди Балтик ва Аврупои Ҷанубиву Шарқӣ мустақар кард ва гуфт, ки ин тасмим баъди таҷовузи хоки Украина аз ҷониби Русия гирифта шуд. Русия дар баробари аз худ кардани Қрим дар пуштибонии ҷудоихоҳони шарқи Украина дар муқобили нирӯҳои ҳукуматии Киев муттаҳам мешавад. То имрӯз шумори қурбониҳои ин ҷанги сесола ба 9900 нафар баробар шудааст.

XS
SM
MD
LG