Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия


Марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия рӯзи 30 март дар "Ҳарбмайдон"-и ноҳияи Қубодиён баргузор шуд. Дар ин маросим вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини фармондеҳи Округи марказии Русия генерал-лейтенант Ҳасан Калаев ширкат доштанд. Ҳасан Калаев дар ин маросим гуфт, ки ин размоиш дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Русия баргузор карда шудааст.

Дар размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи 27 март оғоз шуд ва 4 рӯз давом кард, 2000 низомии рус ва беш аз 40 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ширкат карданд. Дар марҳилаи ниҳоии размоиш дар "Ҳарбмайдон"-и Қубодиён аз 200 техникаву муҳимоти ҷангӣ, зиреҳпӯш, чархболҳо ва ҷангандаҳо низ истифода шудааст.

Ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ буд, ки ҳама сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва нерӯҳои захиравӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишварро ба по хезонд. Дар ду соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд.

Видеоҳои охирин

"Барқи Тоҷик" ва "Талко" ба ҷойи фоида зарар дидаанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG