Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати бонуи рақами яки ИМА ба густариши ҳуқуқи занон


Бонуи рақами яки ИМА Мелания Трамп дар маросими қадрдонӣ аз бонувони фаъол, ки дар саросари ҷаҳон аз ҳуқуқи инсон ҳимоят мекунанд, ба "густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занон" даъват кард.

Мелания Трамп ҳангоми суханронияш дар конфронси байналмилалии "Занони шуҷоъ" (Women of Courage) дар Департаменти давлатии ИМА даъват кард, то гуногуншаклие, ки ҳоло дар ҷаҳон мавҷуд аст, қабул карда шавад.

"Тарсу ҳаросро бояд канор гузорем ва барои адолат мубориза барем. Зидди бадию ноадолатӣ дар ҳар куҷое, ки бошад бояд бархост", - гуфт ӯ ҳангоми қадрдонӣ аз 13 зани фаъол, ки якеашон дар маросим ҳузур надошт.

"Ҳамчун раҳбарони ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд корро дар самти густариши ҳуқуқи занон ва эҳтиром ба тамоми халқу миллат ва гуруҳҳои қавмӣ идома диҳем. Набояд фаромӯш сохт, ки дар ниҳоят мо ҳама аз як нажодем", - афзуд бонуи рақами яки ИМА.

Тавре хабаргузории Франс Пресс менависад, ҳимояти бонуи рақами яки ИМА аз "гуногуншаклӣ" бо мавқеи маъмурияти президент Доналд Трамп, ки борҳо ба "вижагии Амрико" барояш таъкид карда, бегонаҳоро таҳдид меҳисобад, мухолифат дорад.

Дар миёни ин занон се нафар аз кишварҳои мусулмоннишин - Яман, Ироқ ва Сурия низ буданд, ки маъмурияти Трамп вуруди шаҳрвандони онҳоро ба ИМА маҳдуд кардааст.

Мелания Трамп ҳангоми қадрдонӣ аз шуҷоату мардонагии соҳибони ҷоизаи Департаменти давлатии ИМА изҳор дошт, ки "чунин занон муборизаи ҷаҳониро бо амалҳои ғайриинсонӣ нерӯ мебахшанд".

XS
SM
MD
LG