Александр Лукашенко, президенти Белорус бо сафари серӯзаи расмӣ вориди Туркманистон шуд. Сухангӯи президенти Белорус мегӯяд, Лукашенко имрӯз, 30 март, бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоти як ба як анҷом медиҳад. Мавзуи асосии ин гуфтугӯҳо - ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии ду кишвар аст.
Лукашенко бо Бердимуҳаммадов ҳамчунин дар расми кушоиши бинои нави сафорати Белорус дар Ишқобод ширкат мекунанд. 31 март корхонаи коркарди маъданҳои куҳии Гарлиқ, ки дар шарқи Туркманистон бо иштироки ширкатҳои белорусӣ сохта шудааст, кушода мешавад.
Созишномаи бунёди корхонаи мазкур бо арзиши 1 миллиард доллари ИМА соли 2009 баста шуда буд. Ин корхона мебоист соли 2015 ба истифода дода шавад. Ба таъхир афтодани бунёди корхона боиси ихтилофи ду давлат шуд.
Миёнаҳои соли 2016 пудратчии белорус гуфт, ҷониби Туркманистон маоши сохтмончиёнро намепардозад. Дар навбати худ Туркманистон ширкати "Белгорхимпром"-и Белорусро дар риоя накардани шартҳои созишнома айбдор кард. Моҳи декабр ҳукумати Белорус хабар дод, ки корхонаи мазкур 31 марти соли 2017 ба истифода дода мешавад.
Корхона ҳамасола 1,4 миллион тонна маъдани куҳӣ тавлид хоҳад кард.