Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Фийон расман таҳти бозҷӯӣ қарор гирифт


Ҳамсари номзади президентӣ Франсуа Фийон барои эҳтимоли истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ мавриди бозҷӯии расмӣ қарор гирифт. Қарори оғози тафтишот ду ҳафта баъди он гирифта шуд, ки Фийон ҳам бо эҳтимоли ба ҳамсараш Пенелопа ва фарзандонаш дар давоми солиёни зиёд ҷудо кардани ҳазорҳо евро пули давлатӣ барои коре, ки онҳо иҷро накардаанд, таҳти таҳқиқ қарор дода шудааст. Франсуа Фийон – собиқ нахуствазири Фаронса ҳама гуна қонуншиканиро рад кардааст. Ӯ аввалин номзади президентӣ аст, ки дар ин мақом таҳти бозҷӯии сохторҳои тафтишотӣ қарор мегирад.

Фийон то ҳамин охирҳо пештози сабқати президентӣ буд. Ӯ бо рақибонаш аз ҳизби ростгарои “Фронти миллӣ” Марин Лё Пен ва номзади марказгароҳо Эммануэл Макрон дар рақобати шадид қарор дорад. Давраи аввали овоздиҳии интихоботӣ 23 апрел ва ниҳоӣ – 7 май баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

"Дар мо вазифаҳо умрбод шудаанд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG