Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба ду журналисти РАО/РО дар Краснодар. ВИДЕО


Андрей Костянов (аз чап) ва Сергей Хазов-Кассиа
Андрей Костянов (аз чап) ва Сергей Хазов-Кассиа

Дар ҷануби Русия ду хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ҷониби афроди ниқобпӯши номаълум латукӯб ва ғорат шуданд.

Чанд ҳамлагар субҳи рӯзи 28 март ба хабарнигорони Радио Свобода – бахши Русии радиои Озодӣ гузоришгар Сергей Хазов-Кассиа ва наворбардор Андрей Костянов ҳангоми берун шудани онҳо аз меҳмонхонае дар шаҳри Кропоткини вилояти Краснодар ҳамла карданд. Хабарнигорон ният доштанд, ки эътирози кишоварзонро пӯшиши хабарӣ диҳанд. Президенти радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Том Кент ҳамларо “ғайри қобили қабул” хонд ва аз мақомоти Русия таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодисаро тақозо кард. Вай гуфт, ки ҷиноят алайҳи журналистон набояд беҷазо монад. гуфт, ки дасти кам 10 ҳамлагар бо гази ашковар ҳамла карда хабарнигоронро ба замин заданд ва онҳоро латукӯб карданд. Аз дасти журналистон компютери лептоп, дастгоҳҳои телевизионӣ, бархе моликияти хусусии онҳоро бо ҳам гирифта савори автобусҳои сафед фирор карданд.

Дар сӯҳбате тавассути Скайп Хазов-Кассиа​ тафсилоти ин ҳодисаро нақл кард:

Ҳамла ба хабарнигорони Радио Свобода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Костянов дар бемористон аст, як устухони қабурғааш шикастааст.

Хазов-Кассиа гуфт, ки пеш аз ин ҳамла полис ду бор назди онҳо омада буд. Вай гуфт, ки бори аввал ходимони полис рӯзи 27 март назди онҳо омада гӯё нафарони дар меҳмонхона ҷойгирифтаро санҷид. Бори дуюм субҳи 28 март як соат пеш аз меҳмонхона берун шудани онҳо омад ва гуфт, ки наворбардорӣ дар атрофи меҳмонхона манъ аст.

Ба гуфтаи Хазов-Касия, баъди ҳамла ва даъвати полис барои кӯмак, бақайдгирии ҷиноят ва сабти аризаи онҳо, ходими полис ҷои кори журналистонро пурсид. Ва вақте шунид, ки барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ кор мекунанд, гуфт, “ба онҳо кӯмак карда наметавонад”. Вале баъди он ки журналист аз полис хост, ки рисолатҳои касбии худро иҷро кунад, полис гуфт, “хеле хуб”, вале моил ба ин кор набуд.

Полиси вилояти Краснодар ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Хазов-Кассия ва Костянов мехостанд дар бораи эътирози кишварзоне гузориш диҳанд, ки рӯзи 28 март ба нақша гирифта шуда буд, вале баргузор нашуд. Чанд тракторрон дар роҳ ба шаҳри Кропоткин дар шаҳраки дигари Тихоретск боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG