Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми бидуни раводиди Гурҷистону ИА амалӣ шуд


Шурӯъ аз рӯзи 28 март низоми сафарҳои бидуни раводид миёни шаҳрвандони Гурҷистон ва Иттиҳодияи Аврупо амалӣ мешавад. Онҳое, ки соҳиби шиносномаҳои биометрии гурҷӣ ҳастанд, метавонанд ба мӯҳлати то 90 рӯз як бор дар ним сол аз кишварҳои аврупоӣ дидан кунанд. Қонун рӯзи 7 феврал аз ҷониби парлумони Аврупо қабул шуд. Ин қонун ба шаҳрвандони Гурҷистон имкони сафари бемамониатро ба ҳама кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ба ҷуз Бритониёи Кабир, аз ҷумла Ирландия, Исландия, Лихтенштейн, Норвегия ва Швейсария фароҳам меорад. Дар муддати то 90 рӯз онҳо метавонанд барои ҷаҳонгардӣ, ҳалли мушкилоти оилавӣ ва тиҷорат ба Аврупо сафар кунанд. Дар сурати вайрон кардани қоидаи буду бош, шахс ба 3 ҳазор евро ва 5 соли манъи сафар ба Аврупо муҷозот мешавад. Режими бидуни виза ҳақи кор дар Аврупоро намедиҳад.

XS
SM
MD
LG