Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи тамринҳои низомии Русия ва Амрико дар Тоҷикистон


Сар аз рӯзи 27 март дар тамринҳои ҷудогонаи муштараки нерӯҳои Русия ва Амрико дар Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ин машқҳои зиддитеррристӣ, ки то 7 апрел идома мекунанд, беш 2 ҳазор сарбози русӣ ва 50 ҳазор нерӯ аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Нерӯҳои ширкаткунанда дар тамрини низомӣ бо Амрико 100 сарбоз аз Тоҷикистон ва 150 нерӯ аз ИМА гуфта шудааст.

Ҳадафи аслии ин машқҳо мубориза алайҳи терроризм ва андешидани чораҳои амалӣ барои муқобила дар ҳолатҳои зарурӣ алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор унвон мешавад. Ба қавли Фаридун Маҳмадализода, тамрин нерӯҳои тоҷик ва рус дар размоишгоҳҳои “Лоҳур”, “Сумбула”, “Мумирак”, “Ҳарбмайдон”, “Ҳалқаёр”, “Фахробод” ва “Лоҳур” сурат мегиранд. Интизор меравад, дар марҳилаи ниҳоии ин машқҳои низомӣ аз техникаву муҳимоти ҷангӣ, зиреҳпӯш ва ҷангандаҳо низ истифода шавад.

Ҳамин тавр, ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ хоҳад буд, ки ҳама сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва нерӯҳои захиравӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишварро ба по мехезонад. Дар ду соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд.

Тамрини нерӯҳои амниятии Тоҷикистону вазорати дифои Амрико низ дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи терроризми фаромиллӣ баргузор мешавад. Бино ба иттилои Сафорати Амрико, ин машқҳои низомӣ аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатии Амрико ва ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда ва ҳадафи аслии он мубориза муштарак алайҳи терроризми фаромиллӣ будааст.

Тоҷикистон дар ҷанубу шарқи кишвар бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1300 километр марзи муштарак дорад ва дар ин авохир аз фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону “Давлати исломӣ” ва хатару таҳдидҳо аз он сӯи марз хабарҳо мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG