Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофи нерӯҳои эътилофӣ дар бораи ҳамла дар Мавсил


Нерӯҳои ироқӣ саъй доранд, ғарби шаҳри Мосулро аз тундравони исломӣ озод кунанд.

Мақомоти Амрико эътироф карданд, ки ҳамлаи ҳавоие, ки ба гуфтаи сокинони Мавсилро, бештар аз 200 нафарро кушт, кори дасти нерӯҳои эътилофӣ будааст. Дар баёнияи расмии ин нерӯҳои ба раҳбарии Амрико аз рӯзи 25-уми март омадааст, ҳамла бо дархости нерӯҳои ироқӣ сурат гирифт, ки хостанд, ҷангҷӯён ва аслиҳаву таҷҳизоти гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ нобуд карда шавад.

Нерӯҳои эътилофӣ марги ғайринизомиён дар зарбаи ҳавоӣ дар шаҳри Мавсилро таъйид накардаанд, вале гуфтаанд, “ҳамла дар ҷое буд, ки иддаоҳо дар бораи марги ғайринизомиён вуҷуд дорад.” Дар баёния нагуфтаанд, ки ҳамларо нерӯҳои кадом кишвар анҷом додаанд.

Возеҳ нест, ки рӯзи 17-уми март дар ғарби Мавсил чӣ рух додааст, вале бино ба гуфтаи сокинон дар натиҷаи ҳамла ба як мошини пур аз маводи тарканда, таркиши қавие ба вуҷуд омада, як биноро хароб кардааст.

Як мақоми расмӣ дар Мавсил гуфтааст, ки аз зери харобаҳои бино 240 ҷасад ёфтанд. Нерӯҳои ироқӣ бо кӯмаки нерӯҳои байналмилалӣ амалиёт барои поксозии шаҳри Мавсил аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломиро идома медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG