Ноҳия ё вулусволии Сангини вилояти Ҳилманд ба дасти Толибон афтодааст. Як манбаъ дар артиши Афғонистон рӯзи 23 март ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин вулусволӣ талафоти нерӯҳои давлатӣ бештар будааст ва ба онҳо кӯмаки зарурӣ нашудааст ва бинобар ҳамин дар пайи фишорҳои Толибон маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд. Аммо мақомоти Ҳилманд то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд. Ин ҳафтумин вулусволии Ҳилманд аст, ки ба шакли ҷамъӣ ба дасти Толибон меафтад. Толибон дар як эъломия аз тасарруфи ин вулусволӣ хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми ақибнишинии нерӯҳои давлатӣ, даргирӣ сурат нагирифтааст.