Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтаанд, ки баъд аз се рӯзи ҷустуҷӯ, шоми 21 март мошини "Мерседес"-ро бо ду ҷасади мусофиронаш аз дарёи Сир берун овардаанд. Бино ба иттилои муқаддамотии мақомот, якеи онҳо 24 ва дигаре 28 сол дошта, сокинони шаҳри Хоруғ будаанд. Гуфта мешавад, ҳангоми сарозер шудани мошин танҳо як мусофири 22-сола тавонистааст тариқи шинокунӣ худро наҷот бидиҳад. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи сарозер шудани мошини "Мерседес" ба дарёи Сир соати 01:00-и шаби 19 ба 20 дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд рух додааст. Вазорат дар шарҳи сабаби ин ҳодиса гуфта буд, ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва ба бетони канори роҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа худрав аз болои пул ба дарёи "Сир" сарозер шудааст. Қаблан ин манбаъ гуфта буд, худи ронанда ва як мусофири дигар шино карда ва ба берун баромадаанд, аммо ҷустуҷӯи як мусофири дигар, ки сокини шаҳри Хоруғ будааст, идома дорад.