Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон ба Маскав мераваду ба нишасти НАТО - не


Вазири хориҷаи ИМА Рекс Тиллерсон дар чаҳорчӯби сафари аврупоии худ моҳи май аз Русия ҳам дидан мекунад, вале моҳи апрел дар нишасти НАТО иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 20 март Департаменти давлатии ИМА изҳороте пахш кард. Сабаби рӯзҳои 5 ва 6 апрел ба нишасти НАТО ҳозир нашудани Тиллерсон шарҳ дода намешавад. Вале ин аввалин нишасти паймони низомии иборат аз 27 узв буд, ки баъди шурӯи маъмуриятҳои тими президент Доналд Трамп бояд баргузор шавад.

Хабаргузории Ройтерс дар нақли қавл аз як мақоми баландпояи амрикоӣ навишт, ки Тиллерсон барои ширкат дар нишасти нимсолаи НАТО ба Брюссел намеравад ва ба ҷои он рӯзҳои 6 ва 7 апрел дар осоишгоҳи президентии Фролида дар нишасти президентони ИМА ва Чин иштирок хоҳад кард. Ба Маскав Тиллерсон баъди дидани Итолиё ва ширкат дар нишасти Гурӯҳи ҳафтгона равона хоҳад шуд.

Дар нишасти НАТО муовини котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Том Шеннон иштирок хоҳад кард. Сафар ба Маскав дар шароите барномарезӣ шудааст, ки оҷонсиҳои иттилоотии Амрико даст доштани Русияро дар мудохила ба интихоботи президентии Амрико таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG