Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел гуфт, мулоқоти Трампро бо "кунҷкобӣ" интизор аст


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки ба мулоқоташ бо президенти ИМА Доналд Трамп, ки рӯзи 17 март дар Вашингтон барпо мешавад, бо “кунҷкобӣ” ва “хушӣ” нигоҳ мекунад. Вай дар сӯҳбат бо як нашрияи олмонӣ гуфт, ки “ҳамеш беҳтар аст, ки дар бораи ҳамдигар дар сӯҳбати рӯбарӯ бо ҳамдигар огаҳ шавӣ”. Ба саволи ин ки то куҷо ин мулоқот на танҳо барои ӯ, балки барои ҳарду ҷониб ҳам ҷолиб аст, ӯ гуфт: “бешубҳа, ҳарду ҷониб ҳам нисбати ин мулоқот кунҷкобӣ зоҳир мекунанд. Худи мулоқоти мо як чизи хуб аст. Ба ҳар ҳол, аз назари ман чунин аст”. Ин аввалин мулоқоти ду раҳбар баъди сари қудрат омадани Трамп дар Амрико мешавад. Меркел гуфт, ки мехоҳад бо Трамп дар масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ ва ҳам ояндаи ҳамкориҳои байналмилалӣ сӯҳбат кунад.

XS
SM
MD
LG