Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, пайвастани Қримро ба Русия эътироф нахоҳад кард


Марк Тонер
Марк Тонер

Намояндаи Департаменти давлатии Амрико Марк Тонер гуфт, Вашингтон на раъйпурсии 16 марти соли 2014 ва на пайвастани Қримро ба ҳайати Русия эътироф нахоҳад кард. "Ҷонибдории худро аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина бори дигар баён мекунем", - афзуд Марк.

Ӯ гуфт, Амрико ғасб шудани Қримро аз тарафи Русия дубора маҳкум карда, аз Маскав даъват мекунад, ки ба он зуд хотима бахшад. "То Русия нимҷазираро ба Украина барнагардонад, таҳримҳои мо дар робита ба Қрим бекор нахоҳанд шуд", - изҳор дошт ӯ.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Маскав эҳтимоли онро, ки имкон дорад Русия дар пайи муомилае бо Иёлоти Муттаҳида Қримро ба Украина баргардонад, рад кард.

Пештар аз ин, 16 март Порлумони Аврупо аз Маскав даъват карда буд, то беш аз 20 шаҳрванди Украинаро, ки дар Русия ва минтақаҳои ишғолӣ "ғайриқонунӣ ва худсарона" дастгир кардааст, озод ва бозгашти амни онҳоро ба ватан таъмин кунад.

Дар натиҷаи даргириҳои Украина аз моҳи апрели соли 2014 инҷониб беш аз 9 ҳазору 750 одам кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG