Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст аз нимаи соли ҷорӣ дар кишвар маҳзани ягонаи интернетии иттилооти ҳуқуқиро таъсис диҳад. Нашрияи ҳукуматии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” 16 март қарори ҳукуматиеро нашр карда, хабар додааст, ки ин кор “ба мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудаи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳандозӣ мешавад.
Таъкид шудааст, ки “вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ташаккул, пешбурд ва таъмини фаъолияти Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад”. Маблағгузории фаъолияти Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби будҷа давлатӣ (маблағҳои махсус) дар қисмати таъмини пардохти музди меҳнати кормандон ва истифодабарии шабакаи глобалии компютерии Интернет амалӣ мешавад. Қарор аст Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2017 фаъол шавад.