Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ронандаи "Зил" барои марги 7 нафар дар мазори "Роҳатӣ"


Пойафзор ва тоқии баъзе аз афроди ҳалокшуда ва ё маҷрӯҳро дар тобутхонаи канори гӯристон гузоштаанд.
Пойафзор ва тоқии баъзе аз афроди ҳалокшуда ва ё маҷрӯҳро дар тобутхонаи канори гӯристон гузоштаанд.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки алайҳи Бахтиёр Маҷидов – ронандаи мошини "Зил" дар шаҳри Ваҳдат – парванда боз шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда бар асоси қисми сеи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил ё воситаи дигари нақлиёти механикӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги ду нафар ё бештар аз он шудааст", боз гардидааст.

Ин банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон маҳрумият ба муддати аз 5 то 10 солро дар назар дорад. Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ҳанӯз таҳқиқи қазия идома дорад. Аммо ӯ хабари дар ҳабси пешакӣ будани Бахтиёр Маҷидовро рад кард.

Фоҷиа рӯзи 11 март дар тақрибан 20-километрии шаҳри Душанбе дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки мардум баъди дафни як пирамарди 78-сола аз шаҳри Ваҳдат ба хона бармегаштанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, дар натиҷаи фалокат 7 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 19 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аксарияти қурбониён ҷавонони то 35-сола аз шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе будаанд ва дар байнашон ду бародар аз як хонавода низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG