Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули СММ Сурияро "як утоқи шиканҷа" номид


Зайд Раъд Ал-Ҳусейн
Зайд Раъд Ал-Ҳусейн

Раиси дафтари ҳуқуқи башари СММ низоъҳои Сурияро ҳамчун “фоҷеаи бадтарине, ки бо дасти инсон баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон рух додааст”, сифат дод. Вай гуфт, ин низоъҳо шиканҷаҳои сартосариву хушунату бебандубории зиёде эҷод кардааст. Зайд Раъд Ал-Ҳусейн, комиссионери ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки тамоми кишвари Сурия ба як “утоқи шиканҷа” табдил шудааст ва дар он даҳшату беадолатии комил ҳукмфармост. Вай гуфт, шумори беҳисоби мардум баъди боздоштҳои ғайриқонунӣ пушти панҷара нигаҳдорӣ ва шиканҷа мешаванд, нафарони дигар рабуда ва ё зӯран нест карда шудаанд.

Вай ба озодозии ҳазорҳо зиндонӣ дар ҳама қаламравҳои Сурия даъват кард ва гуфт, ки ҷинояткорон, аз ҷумла онҳое, ки даст ба шиканҷа задаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ӯ ба зарурат сулҳи давомдор дар ин кишвар таъкид кард. Шаш соли охир Сурия дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Соли 2011 баъди он ки ҳукумат эътирозҳои зиддиҳукуматии нирӯҳои демократиро саркӯб кард, дар ин кишвар низоъҳо шурӯъ шуд. Ба ҳисобҳои тахминӣ, аз он замон то имрӯз 300 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар аз маконҳои худ беҷо шудаанд.

XS
SM
MD
LG