Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Убайдуллоев бо сафири Ҷопон


Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока мулоқот кардааст. Ба ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, ин мулоқот рӯзи 13 март ва бо хоҳиши сафири Ҷопон сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз як кишвари аграрӣ ба самти кишвари саноатӣ қадам мегузорад ва дар ин замина таҷрибаҳои Ҷопон омӯзанда хоҳанд буд. Сафири Ҷопон низ хоҳони тақвияти ҳамкориҳо бо Маҷлиси Миллии Тоҷикистон шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 12 январи соли ҷорӣ бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор ва Рустами Эмомалӣ ба ҷои ӯ таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG