Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 аёлат додгоҳро ба боздошти фармони нави Трамп даъват карданд


ИМА - Намоиши эътрозӣ бар зидди фармони муҳоҷирати президент Трамп дар фурӯдгоҳи байналмилалии Чикаго. 29 январи соли 2017.
ИМА - Намоиши эътрозӣ бар зидди фармони муҳоҷирати президент Трамп дар фурӯдгоҳи байналмилалии Чикаго. 29 январи соли 2017.

Панҷ аёлати ИМА аз болои қарори нави президент Доналд Трамп, ки вуруди шаҳрвандони баъзеи кишварҳои мусулмоннишинро ба Амрико манъ мекунад, ба додгоҳ шикоят бурданд ва онро хилофи арзишҳои конститутсионӣ унвон карданд.

Додситони кулли Вашингтон гуфт, аз додраси федеролии Сиэтл хостааст, ки иҷрои фармони нави президенти ИМА-ро низ мисли фармони пешина манъ кунад. Зеро ба гуфтаи додситон, дар он табъизи мазҳабии муҳоҷирон дида мешавад.

Додситони кулли Вашингтон мегӯяд, иҷрои фармони ахири президент Трамп низ монанди фармони якумаш ба аёлати ӯ осеби иқтисодию зарарҳои дигар мерасонад.

Фармони аввали Трамп вуруди шаҳрвандон ва паноҳҷӯёнро аз ҳафт кишвари мусулмоннишин -- Либия, Ироқ, Эрон, Яман, Сурия, Сомалӣ ва Судон ба Амрико муваққатан манъ мекард ва додраси федеролӣ иҷрои онро боздошта, гуфт, хилофи Қонуни асосии ИМА аст.

Дар фармони нави Трамп, ки рӯзи душанбе имзо шуд, номи Ироқ дар рӯйхат нест. Ҳамчунин вуруди шаҳрвандони 6 кишвари боқӣ, ки қонунӣ дар ИМА зиндагӣ мекунанд ё раводид доранд, манъ нашудааст.

Ба даъвои Вашинтон аз болои фармони нави Трамп аёлатҳои Миннесота, Орегон, Ню-Йорк ва Массачусетс низ ҳамроҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG