Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико сохтори дифои мушакиро дар Кореяи Ҷанубӣ густариш дод


Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба густариши сохтори пешрафтаи дифои мушакӣ дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз кард ва бо ин қаҳри Чину Русияро ба бор овард. Ин густариш рӯзи сешанбе дар ҳоле ҷараён гирифт, ки Кореяи Шимолӣ чаҳор мушаки балластикиро озмоиш дод. Дар ин бора фармондеҳии ИМА дар Уқёнуси Ором изҳорот пахш кард.

"Тавтеаҳои давомдори Кореяи Шимолӣ, бо шумули озмоиши ахири мушакҳо, қарори оқилонаи соли гузаштаи эътилофи моро дар мавриди густариши сохтори дифои мушакӣ дар Кореяи Ҷанубӣ тасдиқ кард", - гуфт фармондеҳи нерӯҳои дарёгарди ИМА дар Уқёнуси Ором адмирал Ҳарри Ҳаррис.

Ин иқдоми ИМА, метавонад низоъро дар байни Кореяи Ҷанубӣ ва Чин афзоиш диҳад, ки густариши сохтори зидди мушакиро вайрон шудани тавозуни амниятӣ дар минтақа арзёбӣ мекунад.

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, ки сохторҳои зидди мушакӣ танҳо ба хотири дифоъ аст. Аммо Чину Русия ин нигарониро доранд, ки системаи радарҳо ба таври амиқ ба қаламравҳои онҳо нуфӯз мекунад.

Чаҳор мушаки баллистикӣ, ки Кореяи Шимолӣ озмоиш дод, дар самти шимолу ғарби Япония ба баҳр афтида, Токио ва Селуро ба хашм овард. Пхенян қавл дод, ки тамринҳои ИМА ва Кореяи Ҷанубиро, ки аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҳамчун омодагӣ ба ҷанг талаққӣ мешавад, бепосух намемонад. Матбуоти Кореяи Шимолӣ менависад, ки раҳбари ин кишвар Ким Чен Ин, озомиши мушакҳоро, ки аз тавони зарба задан ба пойгоҳҳои Амрико дар Ҷопон бархурдоранд, шахсан назорат кард.

Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ, ки партоби мушакҳои Кореяи Шимолиро бо президенти ИМА Доналд Трамп дар гуфтугӯи телефонӣ баррасӣ кард, баъдан ба хабарнигорон гуфт, ки озмоиши ахири мушакҳо аз ҷониби Кореяи Шимолӣ нақзи қатъномаи СММ ва тавтеа алайҳи ҷомеаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст.

XS
SM
MD
LG