Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонун дар бораи миллати ягонаи Русия табдили ном мекунад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Номи лоиҳаи қонун дар бораи миллати ягонаи Русия ба далели омода набудани ҷамъият барои қабули ҳадафи идеяи мазкур тағйир дода мешавад. Қонун муттаҳид кардани ҳамаи миллатҳо дар назар дорад. Дар ин бора роҳбари гуруҳи корӣ Валерий Тишков хабар дод.

Лоиҳаи қонун акнун унвони "Дар бораи асосҳои сиёсати миллии давлат"-ро гирифтааст. Ба гуфтаи Тишков, "ин унвон дарди сари камтар дорад".

Зидди консепсияи сиёсати ягонаи миллӣ намояндагони миллатҳои Русия эътироз карданд. Намояндагон нигаронанд, ки миллати Русия танҳо аз русҳо иборат хоҳад шуд. Казакҳо талаб карданд, ки дар ҳуҷҷат нақши халқи Русия дар ташкили давлат зикр шавад, Калисои православии Русия дар навбати худ аз сарнавишти "ҷаҳони рус" изҳори нигаронӣ кард.

Консепсияи нав моҳи апрели соли ҷорӣ муаррифӣ мешавад. Ба гуфтаи Тишков, дар ҳуҷҷат салоҳиятҳои ҳукумати федеролӣ ва маҳаллӣ зикр шуда, ҳамчунин низоми назорати байни этнографҳо нишон дода шудааст.

Владимир Путин, президенти Русия дастур дод, ки то 1 августи соли ҷорӣ ҳуҷҷат комилан омода шавад.

XS
SM
MD
LG