Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "Муҷассамаи модар" дар Кӯлоб пардабардорӣ шуд. ВИДЕО


Дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 7 март аз муҷассамаи модар пардабардорӣ шуд. Ин муҷассамаро ҳайкалсози маҳаллӣ Шамсиддин Одинаҳмадов дар Боғи 15-солагии Истиқлол дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳр сохтааст. Мақомоти Кӯлоб рӯзи 7 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар муҷассама модари тоҷик дар сари гаҳвора тасвир ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи арзишҳои оилавию эҳтиром ба падару модарро ҳамчун ҷузъе аз ахлоқи накӯ талқин карда, ҳамчунин, масъулияти падару модарро дар баробари фарзандон аз роҳи қабули қонуни махсус таъкид намудааст. Ҳадаф ин аст, ки дар хонавода равобити байни волидону фарзандон наздику мустаҳкам, эҳсоси масъулият ва ҷавобгарии ҳарду ҷониб нисбат ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ баландтар шавад.

Солҳои охир дар Тоҷикистон нақши модарон дар тарбияи фарзанд дар пасманзари муҳоҷирати садҳо ҳазор мард ба Русия бо ҳадафи кору даромад барҷаста шудааст. Як сол қабл дар назди бинои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС дар Кӯлоб "Пайкараи оила" низ қомат афрохта буд.

Муҷассамаи Модар дар Кӯлоб қомат афрохт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

XS
SM
MD
LG