Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп фармони ваъдадодаашро имзо кард


Фармони пешинаи Доналд Трамп ҷанҷол барангехт ва беэътибор карда шуд.
Фармони пешинаи Доналд Трамп ҷанҷол барангехт ва беэътибор карда шуд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 6-уми март фармони наверо имзо кард, ки вуруди сокинони чанд кишвари умдатан мусулмоннишин ба Иёлоти Муттаҳидаро манъ мекунад. Айни фармони қаблии ӯро додрасҳои Амрико беэътибор карда буданд. Кохи Сафед рӯзи 6-уми март таъйид кард, ки Доналд Трамп санади мазкурро имзо кардааст ва бар асоси он додани раводид ба шаҳрвандони Эрону Ироқ, Либияву Сомалӣ ва Яман барои 90 рӯз муттавақиф мешавад. Эътибори раводиди қаблан дарёфткардаи ин кишвар барҷой мемонад.

Фармони нав “бисёр возеҳ аст” ва онҳое, ки ҳаққи қонунии иқомат дар Амрикоро доранд, аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум намешаванд.

Фармони бознигаришудаи Доналд Трамп, ки рӯзи 16-уми март ҳукми иҷро мегирад, барномаи қабули паноҳҷӯён ба Амрикоро барои 120 рӯз муттавақиф мекунад. Фармони пешини Доналд Трамп, ба шаҳрвандони Эрону Ироқ, Сомалӣ, Судон, Яман, Сурия, Либия ва Ироқ дахл дошт, вале ҳоло Ироқро аз он берун кардаанд.

Бар асоси ин санад, шаҳрвандони ҳамин кишварҳо агар ҳаққи иқомати Амрикоро дошта бошанд, аз ҳаққи сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум намешаванд.

Доналд Трамп мегӯяд, фармон дар бораи манъи сафари шаҳрвандони 6 кишвари мусулмоннишин ба Амрико бо ҳадафи таъмини амнияти миллӣ имзо кардааст, аммо мунтақидон мегӯянд, ин санад як навъ табъиз нисбат ба аҳли як мазҳаб аст. Кохи Сафед ин иддаоро рад мекунад.

Келин Конвей, дастёри раиси ҷумҳури Амрико
Келин Конвей, дастёри раиси ҷумҳури Амрико

Келин Конвей, як дастёри баландпояи ҳукумати Амрико рӯзи 6-уми март дар барномаи “Фокс энд Френдс”- и телевизиони Фокс нюс гуфт, фармони нав “бисёр возеҳ аст” ва онҳое, ки ҳаққи қонунии иқомат дар Амрикоро доранд, аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум намешаванд.

Мақомоти Ироқ хориҷ кардани ин кишвар аз санади имзошударо истиқбол кардан ва онро “паёми мусбат” дар замони муборизаи нерӯҳои Амрико ва Ироқ ба зидди гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ номиданд.

Хабаргузориҳои Ассосиейтед Пресс ва Ройтерс навиштанд, ки Доналд Трамп маҷбур шудааст, зери фишори вазорати умури хориҷӣ ва дифои Амрико Ироқро аз феҳраст берун кунад, чун ду ниҳод гуфтаанд, ки ду кишвар дар ҷанг ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ дар шаҳри Мосул ҳамкории зич доранд.

Саъд ал-Ҳадисӣ, сухангӯи ҳукумати Ироқ рӯзи 6-уми март гуфт, ки бознигарии фармон нишон медиҳад, ки Амрикову Ироқ “ҳамкории воқеӣ” доранд. Фармони пешини Доналд Трамп хаши мардуми зиёди Ироқро барангехт ва даъватҳоро ба вуҷуд овард, ки Ироқ ҳам шаҳрвандони Амрикоро ба қаламраваш роҳ надиҳад. Вале Ҳайдар ал-Ибодӣ аз чунин амалкард худдорӣ варзид.

XS
SM
MD
LG