Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти вазирони собиқ аз беэътибор шудани амри Трамп


Собиқ Котибони давлатии ИМА- Мадлен Олбрайт ва Ҷон Керри.
Собиқ Котибони давлатии ИМА- Мадлен Олбрайт ва Ҷон Керри.

Чанде аз котибони давлатии ИМА ва мақомдорони баландпояи дигар аз аризаи шикоятии зидди қарори муҳоҷирати Доналд Трамп пуштибонӣ карданд. Дар байни онҳо вазирони хориҷии собиқ, Ҷон Керрӣ, Мадлен Олбрайт ва Кондолиза Райс ҳузур доранд.

Додситони кулли аёлати Вашингтон, Боб Фергюсон ба ин муваффақ шуд, ки амри президент хилофи Қонуни асосӣ арзёбӣ шавад. Фергюсон мегӯяд, ки дар масъалаи ҳуқуқӣ ба пирӯзии худ бовар дорад.

Фармонро Трамп 27 январ имзо карда буд. Он вуруди мусофиронро аз Эрон, Ироқ, Ливия, Сомалӣ, Судон ва Яман тайи 90 рӯз ва қабули паноҳҷӯёнро 120 рӯз ва фирориёни Сурияро барои мӯҳлати номаълум манъ мекард.

Рӯзи якшанбе додгоҳи баррасии шикоят аризаи вазорати адлияро зидди қарори додраси федерол аз Сиетл, ки амали фармони президентро боздошт, рад кард. Додрас шарҳ дод, ки ин фармон зидди Конститутсияи Амрикост.

XS
SM
MD
LG