Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурияти Трамп шадидтар кардани қоидаҳои муҳоҷиратро оғоз кард


Маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Амрико ихроҷ мекунад. Вале онҳое, ки дар кӯдакӣ ба ин кишвар оварда шудаанд, хоҳанд монд. Вазорати амнияти дохилии Амрико рӯзи 21 феврал дастурамали иҷрои фармони президент Трампро дар бораи шадидтар кардани қоидаҳои муҳоҷират нашр кард.

Ин санад ниҳодҳои дахлдорро вазифадор мекунад, то шахсияти тамоми муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ИМА муайян карда, боздошт ва ихроҷ кунанд. Фармони мазкур ба 750 ҳазор муҳоҷире, ки дар кӯдакӣ ба ИМА оварда шудаанд, дахл надорад.

Доналд Трамп рӯзи 16 феврал шикояти худро аз болои қарори додраси федеролӣ, ки иҷрои фармони ӯро дар бораи вуруди муҳоҷирон муваққатан манъ кард, бозхонд. Вале ваъда дод, ки зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ чораҳои шадиди нав хоҳад андешид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG