Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп фармони нави манъи вуруд ба ИМА-ро имзо кард


Президенти ИМА Доналд Трамп баъди он ки додраси федеролӣ иҷрои фармони ӯро боз дошт, фармони наверо имзо кард, ки вуруди шаҳрвандони шаш кишвари мусулмоннишинро муваққатан ба Амрико манъ мекунад.

Кохи сафед низ ба имзо расидани ин фармони Трампро, ки додани раводид (виза)-и Амрикоро ба шаҳрвандони Эрон, Яман, Либия, Сурия, Сомалӣ ва Судон то 90 рӯз манъ мекунад, тасдиқ кард.

Шаҳрвандони шаш кишвари мазкур, ки алакай раводиди ИМА-ро доранд, аз ҳаққи сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум нахоҳанд шуд. Фармони бознигаришудаи Трамп, ки 16 март ба иҷро медарояд, ҳамчунин барномаи қабули муҳоҷиронро ба Амрико то 120 рӯз мутаваққиф мекунад.

Фармони пешини муҳоҷирати Трамп, ки 27 январ имзо шуд, вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари мусулмоннишин, аз ҷумла Ироқро ба ИМА то 90 рӯз манъ мекард. Вале фармони нав додани раводидро ба шаҳрвандони Ироқ иҷозат медиҳад. Ин фармон ҳамчунин ба шаҳрвандони шаш кишвар, ки муқими доимии Амрикоанд, дахл надорад.

Трамп исрор дорад, ки вуруди шаҳрвандони кишварҳои мусулмоннишин ба Амрико барои таъмини амнияти кишвараш манъ карда мешавад. Вале мунаққидонаш ӯро ба табъизи динӣ айбдор мекунанд. Кохи сафед мегӯяд, ин иддао асос надорад.

Моҳи феврали соли равон Додгоҳи федеролии Сиэтл дар пайи баррасии даъвои мақомоти маҳаллӣ иҷрои фармони президент Трампро муваққатан боздошт. Вазорати адлияи ИМА аз болои ин қарор шикоят бурд, вале рад шуд.

XS
SM
MD
LG