Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Генерале дар ҳамла ба корвони низомӣ дар Сурия маҷрӯҳ шуд


Низомиёни Русия кӯчаҳои Ҳалабро бо зиреҳпӯшҳо посбонӣ мекунанд. 2 феврали соли 2017.
Низомиёни Русия кӯчаҳои Ҳалабро бо зиреҳпӯшҳо посбонӣ мекунанд. 2 феврали соли 2017.

Генерал-майори Русия Петр Милюхин, ки хабари дар Сурия маҷруҳ шудани ӯ қаблан пахш шуда буд, 16 феврал ҳангоми ҳаракат аз пойгоҳи Тияс ба шаҳри Ҳомс, аз таркиши бомбаи зидди мошини зиреҳпӯш захмӣ шуд. Дар ин бора манбаҳои Вазорати дифои Русия хабар доданд.

Мошини зиреҳпӯши "Тигр", ки Милюхен дар он бо панҷ нафари дигар буд ва дар қатори корвони низомӣ ҳаракат мекард, бо истифода аз бомбае тарконда шуд, ки аз фоисла идора мешуд. Дар ин ҳодиса панҷ низомии рус кушта шуд.

Раҳбари идораи омӯзиши ҷангии ситоди минтақаи низомии Ғарбӣ Петр Милюхин, ки бо ҳадафи омӯзиши вазъи артиши Сурия ба роҳ баромада буд, дар натиҷаи ин ҳамла аз як чашм ва ду пой маҳрум шуд. Ӯро аввал ба пойгоҳи Хумаймия ва баъдан ба бемористони Бурденкои Маскав интиқол доданд.

Ҳафтаи гузашта хабаре пахш шуд, ки Петр Милюхин дар канораҳои шаҳри бостонии Палмира, бар асари таркиши мина захмӣ шуд. Ҳамон вақт буд, ки Вазорати дифои Русия аз озодии комили шаҳр аз дасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" хабар дод.

XS
SM
MD
LG