Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи "Қарамиқ" кай боз мешавад? 14 акс


Даҳҳо сокини деҳаи марзии Сарҳадчиён (собиқ Қарамиқ)-и ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ), ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, баъди дар инзивои думоҳаи барфу тарма мондани деҳа, субҳи рӯзи 6 март ҳашаре ташкил карда ба пок кардани барфи назди деҳа шурӯъ карданд. ​Дар давоми як рӯзи поккории барфҳои зиёд онҳо тавонистанд ба сахтӣ 18 метри роҳро аз барф тоза кунанд, вале дар маҷмӯъ бояд 2,5 км роҳи деҳа ба сӯи роҳи мошингарди калонро аз барф тоза кунанд.

Аз як моҳ ба ин тараф бинобар резиши барфу тарма масири Тоҷикистон ва Қирғизистон тариқи гузаргоҳи "Қарамиқ", баста мебошад. Ин вазъ убуру мурури сокинон ва мошинҳои борбарро дар ин масир номумкин кардаааст. Худоёр Худоёров, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 6 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари тармафароии давомдор, роҳ дар ҳоли поксозӣ қарор дорад ва ҳанӯз пурра мавриди истифода қарор дода нашудааст. Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, “мо талош дорем дар наздиктарин фурсат роҳро то нуқтаи марказии гузаргоҳи байналмилалӣ аз барфу тарма пок кунем ва ҳоло техникаи Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар муассисаҳо дар онҷо кор мекунанд.”

Аммо Абдураҳмон Зардиев, сокини Ҷиргатол рӯзи 6 март аз гузаргоҳи Ҷиргатол -- Қарамиқ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи як моҳ ин роҳ баста мебошад ва мошинҳо на аз тарафи Қирғизистон ва на ин тараф имкони ҳаракатро надоранд. Вай афзуд, ки солҳои пеш роҳ зуд тоза карда мешуд ва имсол раванди пок кардани роҳ ба дарозо кашид. Ӯ афзуд, “ҳамин ҳоло писарамро ҳамроҳи 6 нафари дигар, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон мехонанд, пиёда гусел кардам. Вай бояд 6-уми феврал мерафт, чунки таҳсилашон оғоз мешуд. Ҳоло намедонам ӯро иҷозати идомаи таҳсил медиҳанд ё не?”

Ба гуфтаи Абдураҳмон Зардиев, дар назди гузаргоҳ ҳамарӯза даҳҳо нафар ба умеди боз шудани роҳ ҷамъ меоянд, вале дар инҷо танҳо як булдозери Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кор мекунад, ки он ҳам ҳоло вайрон шудааст ва кор намекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ тасдиқ кард, ки дар роҳи Ҷиргатол-Қарамиқ тармаҳои зиёд фаромадааст, ки дарозии яке аз онҳо ба як километр мерасад. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди мушкилот, техникаҳои КҲФ машғули тоза кардани роҳ ҳастанд. Вай умедворӣ намуд, ки рӯзҳои наздик ҳаракат дар ин масир имконпазир хоҳад шуд. Як намояндаи идораи гумруки Тоҷикистон низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назди гузаргоҳ даҳҳо мошинҳои борбар ҷамъ шудаанд ва ронандаҳо пас аз мунтазирии зиёд, мошинҳои худро гузошат ва тарки маҳал кардаанд.

Роҳ аз ноҳияи Мурғоб тавассути Бадахшон ва вилояти Хатлон то Душанбе наздики 1000 километрро ташкил медиҳад, аммо бо убури хоки Қирғизистон ин масир 400 километр камтар мешавад ва барои ҳамин ронандагон асосан ин масирро интихоб мекунанд.

Ҳашари сокинони Сарҳадчиён дар даромадгоҳи деҳа дар аксҳо:

XS
SM
MD
LG