Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯён 5 маъмури пулисро дар як посгоҳе дар вилояти шимолии Қундуз куштанд. Генерал Абдулҳамид Ҳамид рӯзи 5-уми март гуфт, ки гурӯҳи ҷангҷӯёни Толиб субҳи ин рӯз ба посгоҳе дар наздикии шаҳри Қундуз ҳамла кардаанд.
Дигар ин ки ба гуфтаи мақомот, нерӯҳои амниятӣ 18 ҷангҷӯро дар ноҳияи Имом Соҳиб дар наздикии марз бо Тоҷикистон куштанд ва се нафари дигарашонро маҷрӯҳ карданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Қундуз, ин ҷангҷӯён дар тарҳрезиву анҷоми амалиёти террористӣ дар вилоят даст доштаанд. Вақтҳои ахир ҳамла ва бомбгузориҳои Толибон дар Афғонистон бештар шудааст.