Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки агар истифода аз силоҳи кимиёӣ дар шаҳри Мавсили Ироқ тасдиқ шавад, ҷинояти ҷанг ва нақзи ҳуқуқи башар аст. Лиз Гранд, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстона дар Ироқ, рӯзи 4 март дар як эъломия гуфт, "ҳеҷ тавҷеҳ барои истифода аз силоҳи кимиёӣ вуҷуд надорад." Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи шанбе гуфт, то кунун 12 нафар аз зарари силоҳи кимиёӣ бистарӣ шудаанд, ки асосан занону кӯдакон ҳастанд.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх рӯзи 3 март аз истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар ҷараёни даргириҳо дар ғарби Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, ки аз соли 2014 боз таҳти итоати ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аст, хабар дод. Ин созмон гуфт, дар ду рӯзи ахир ҳафт нафар бо аломатҳои таъсири силоҳи кимиёвӣ ба бемористонҳои Мавсил муроҷиат карда, таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтаанд.
Ин нахустин ҳодисаи сабтшудаи истифода аз силоҳи кимиёвӣ аз замони мубориза барои бозпас гирифтани Мавсил аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” будааст.
Мавсил соли 2014 аз тарафи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ тасарруф шуда, амалиёти нерӯҳои ироқӣ барои бозпас гирифтани он моҳи октябри соли гузашта шурӯъ шуд. Нерӯҳои давлати Ироқ бо ёрии Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико то кунун тавонистаанд, қисмати шарқии Мавсил ва фурудгоҳро аз ҷангҷӯён пок кунанд.
Ҳоло даргирӣ дар қисмати ғарби он идома дорад. Қаблан гуфта шуда буд, ки дар чанд маврид дар даргириҳои Сурия низ аз силоҳи кимиёвӣ истифода шудааст.