Пайвандҳои дастрасӣ

Рустамзода аз ҳаққи берун рафтан аз маҳалли иқомат маҳрум шуд. САДО


Мирзоаҳмад Рустамзода – мудири пешини идораи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҳукумати Суғд – аз ҳаққи “берун рафтан аз маҳалли иқомат” маҳрум шудааст. Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд гуфтанд, ӯ барои гирифтани 40 ҳазор доллари сокинон муттаҳам аст ва то анҷоми таҳқиқи парвандааш бояд ба ин шакл ба сар барад.

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта 34 корманди ҳукуматҳои маҳаллии Суғд дар робита ба ришвахориву фасоди молӣ дастгир шудаанд.

Дар ин ниҳод рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, алайҳи Мирзоаҳмад Рустамзода бар асоси моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парванда боз шуда, ба зудӣ хулосаи тафтишот ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. “Мудири собиқи идораи амволи давлатии ҳукумати Суғд аз сокинон барои ба номи онҳо гузарондани чанд иншооти давлатӣ пули зиёд ситондааст”, - гуфт мусоҳиби мо.

Вай афзуд, барои мисол, Рустамзода моҳи майи соли 2015 аз як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои иштирок ва ба нафъаш ҳал кардани музояда ё тендери фурӯши қисмате аз бинои табобатгоҳ дар Ғӯлакандоз 210 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 25 ҳазор доллар, гирифтааст. Ба қавли манбаъ, мудири собиқи идораи амволи давлатии Суғд дар як мавриди дигар барои ба нафъи шаҳрванд Фотима Бобоева ҳал кардани тендери санаторияи кӯдаконаи ин шаҳр 10 ҳазор доллар талаб намудааст.

Мирзоаҳмад Рустамзода
Мирзоаҳмад Рустамзода

“Сардори идораи амволи давлатӣ ваъда додааст, ки бинои мазкурро ба номи Фотима Бобоева мегузаронад ва, инчунин, барои кумак дар гирифтани чаҳоруним гектар замин 5 ҳазор доллари дигар “пора” хостааст”, - афзуд мусоҳиби мо.

Мирзоаҳмад Рустамзодаи 48-сола аз соли 2010 то августи соли 2015 мудири идораи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст. Вай охири моҳи январи имсол боздошт шуда, аммо феълан бо шарти аз маҳалли иқомат берун нарафтан дар озодӣ будааст. Худи Рустамзода рӯзи 3 март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тамоми иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ҳеҷ вақт талош накардааст, ки аз касе пул биситонад.

Мирзоаҳмад Рустамзода гуфт, ки “бале, Фотима Бобоева ба назди ман омада буд. Мо сӯҳбат доштем ва ӯ тамоми ин сӯҳбатро дар датсгоҳ забт кардааст, вале ман аз ӯ маблағ дархост накарда будам. Дар қазияи дигар низ ба ман туҳмат заданд. Омода ҳастам, ки дар додгоҳ дар ин бора ҳарф бизанам.”

Мирзоаҳмад Рустамзода корашро дар Маркази илмии Академияи улуми Тоҷикистон дар Хуҷанд оғоз кардааст. Вай дар солҳои гуногун дар вазифаҳои оператор-технологи Комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд, агрономи Идораи «Пила»-и вилояти Суғд ва мудири бахши идоракунии амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод низ фаъолият доштааст. Аз соли 2010 то моҳи августи соли 2015 мудири шӯъбаи идораи амволи давлатии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд буд.

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта 34 корманди ҳукуматҳои маҳаллии Суғд дар робита ба ришвахориву фасоди молӣ дастгир шудаанд.

Созмони Transparency International ё Шаффофияти Байналмилал дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 25 январ нашр шуд, гуфт, ки дар муқоиса бо нишондодҳои соли 2015, мавқеи Тоҷикистон дар соли 2016 то нишондоди 151-ум фаромадааст. Гузориш мегӯяд, фасоду коррупсия дар Тоҷикистон бештар низоми додгустарӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва шохаҳои ҳукуматро олуда карда, ин сохторҳоро дар чашми ҷомеа ношаффоф ва пӯшида нигоҳ медорад. ​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG