Пайвандҳои дастрасӣ

"Агар нозири БДА тамаъҷӯӣ кард..." Муроҷиати пулис ба сокинон


Мақомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз сокинон хостааст, ки дар сурати дағалрафтории нозирони роҳ ваё талаби "пора", онҳоро расман огоҳ кунанд. Солҳои охир баъзе аз мардум аз рафтори номуносиб ва ришвахории пулиси роҳ зиёд шикоят мекунанд ва иқдоми ахири мақомоти милисаи Суғд низ "ба хотири ислоҳи кор" будааст.

Тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаест, ки солҳо боз дар бораи он менависанду мегӯянд.

Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, рӯзи 11 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳар корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) ҳам дастур шудааст, ки ҳангоми адои вазифаи хидматӣ "ба шаъни корманди милиса доғ наоранд".

"Инчунин, таъкид шуд, ки бо сокинон хушмуомила бошанд, аз ҳадди ваколатҳои хидматии худ набароянд, ба тамаъҷуӣиву ришвахорӣ раҳ надиҳанд ва худсарона хатсайрҳои бозрасиро ташкил накунанд", - афзуд ӯ. Бино ба иттилои пулиси Суғд, солҳои охир мизони садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ мондааст.

Соли гузашта ҳудуди 350 садама рух додаааст, ки дар пайи он 138 ронандаву пиёдагард ҷон бохтаанд. Дар 141 садама ронандаҳои ҷавон паси фармонҳои худрав будаанд ва садамаҳо бар асари риоя накардани қоидаҳои ҳаракат ва ба хусус бо суръати баланд рондани нақлиёт рух додааст.

Ҳамакнун мақомоти пулис мегӯянд, тӯли чанд рӯзи баъди муроҷиат ба сокинон ба телефони “Боварӣ” чандин нафар занг зада, арзу пешниҳодҳои худро ироа кардаанд ва ба онҳо саривақт расидагӣ шудааст. Бархе аз ронандагон низ аз дастури сардори пулис истиқбол карда, вале гуфтанд, "ин тасмим набояд сарсарӣ ва барои ҳисобот бошад."

Як ронандаи таксӣ, ки худро Шарифҷон муаррифӣ кард, гуфт, "дар 2 -3 рӯзи охир кори пулиси роҳ дар Хуҷанд хуб ба чашм мерасад" ва дар ин муддат боре ҳам ӯро надоштаанд. Ронандаи дигар бе ифшои номаш гуфт, "шумори зиёди онҳо дар канори роҳҳо дида мешаванд ва дар сурати ноҳақ боздоштан ҳам, баҳс кардан бо онҳо беҳуда аст. Вақте мошинро нигоҳ доштанд, дар ҳар ҳолат ҷарима мекунанд."

Тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаест, ки солҳо боз дар бораи он менависанду мегӯянд ва ба гуфтаи аксарияти ронандагон бо ин зуҳурот дар ҳар сари қадам рӯ ба рӯ мешавед. Дар як назархоҳӣ дар мавриди коррупсия дар Тоҷикистон, ки тақрибан 6 соли пеш бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуд, 53 дарсади мардум гуфтанд, ки кормандони БДА бисёр “бевиҷдон ва ришвахор” ҳастанд.

Ин мушкилро мақомоти Вазорати умури дохилӣ ҳам дар гузашта эътироф кардаанд. Ахиран онҳо гуфтанд, барои нозирони роҳ 50 камераеро оварданд, ки афсарони пулис бо худ мегиранд ва тамоми муоширату рафтори онҳо бо ронандагон мустақим дар маркази назорат мушоҳида мешавад. Ин таҷҳизот ба қавли мақомот барои аз байн бурдани тамаъҷӯӣ аз ронандагон оварда шуд, ҳарчанд ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG