Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гумгаштае дар Қирғизистон" барандаи озмуни National Geographic шуд


Филми кутоҳи "Гумгаштае дар Қирғизистон" барандаи озмуни National Geographic Traveller UK 2017 эълон шудааст. Дар ин бора коргардон ва наворбардори филм Темур Туғалаев дар Фейсбук хабар додааст. "Сипоси фаровон барои дастгириятон. Боварам намеояд. Мо баранда шудем! Аз шумо, волидайни азиз барои боваратон миннатдорам", - навиштааст ӯ дар саҳифааш.

Филми муштараки ин шаҳрванди Қирғизистон бо блогери итолиёӣ Сари Итстси дар бахши "Видео"-и озмуни аксии National Geographic UK ғолиб омадааст. Муаллифони филм тайи як ҳафта дар Сонкул, соҳили Иссиқкули Қирғизистон наворбардорӣ намуда, бо сокинон вохӯрдаанд. Банду басти ин навори дудақиқаӣ се ҳафта идома кардааст ва ҳоло хоҳишмандон метавонанд манзараҳои дидании Қирғизистонро тамошо кунанд, навиштааст сомонаи National Geographic.

XS
SM
MD
LG