Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ақли Сурх” китоби нависандагони тоҷикро чоп мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони "Ақли Сурх" (Red Intellect) дар Ҳолланд тасмим гирифтааст, ки осори адибони тоҷикро нашр ва, ҳамин тавр, ба бозори ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Масъулони созмон рӯзи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "беҳтарин намунаҳои адабӣ дар фурӯшгоҳҳои ҷаҳонии китоб, ба мисли Амазон ва ҷашнвораҳои китоби Аврупо муаррифӣ хоҳанд шуд."

Дар баробари осори адибони тоҷик нашри китоби нависандагони узбаку рус низ дар назар будааст. Созмони "Ақли Сурх" мегӯяд, имсол чопи 10 номгӯи китобро дар нақша дорад ва адибони тоҷик барои нашри осори беҳтарини худ метавонанд ба ин созмон муроҷиат кунанд.

"Бисёриҳо бовар доранд, ки адабиёти тоҷик аз замони фурӯпошии Шӯравӣ то ҳол дар ҳоли рукуд ва ё гунге ба сар мебарад. Аммо ин бардошти ғалат аз он сарчашма мегирад, ки байни нависанда ва хонандаи тоҷик фосила афтода ва фирори мағзҳо дасти хонандаи тоҷикро аз маҳсули нависандаи дӯстдоштааш дур кардааст", - гуфта шудааст дар иттилоияи созмони “Ақли Сурх”, ки рӯзи 2 март дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд.

Дар ин иттилоия гуфта шудааст, дар ду даҳаи ахир муҳимтарин роману достонҳои тоҷик навишта шуда, вале баъзеи онҳо ҳанӯз ба дасти хонандаи тоҷик нарасидаанд. Созмони Ақли Сурх мехоҳад, ин мушкилро то ҳадде ҳаллу фасл кунад ва қарор гирифтааст, ки бо интихоб кардани беҳтарин китобҳо барои интишор ба забони асл, онро ба забонҳои дигар низ тарҷума кунад.

XS
SM
MD
LG