Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи дабири кулли Созмони Милал ба Эмомалӣ Раҳмон


Антонио Гуттереш

Ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 25 сол пур шудааст. Антонио Гуттереш, дабири кулли СММ, рӯзи 2 март бо ирсоли паём ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ин сана ва, инчунин, 20-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ёдоварӣ карда, гуфтааст, "Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад."

Гуттереш афзудааст, ки Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон "барои татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноилшавии мардуми Тоҷикистон ба рушди устувор" ҳамкории зич хоҳад кард. Дафтари мабуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ҳамин рӯз оқои Раҳмон низ посухи номаро баргардонда ва аз саҳми Созмони Милал барои барқарории субот дар Тоҷикистон тавсиф кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, "мо нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари худ баланд арзёбӣ менамоем. Мо омодаем, ки ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ идома дода, дар раванди расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои он саҳми босазо гузорем."

Тоҷикистон соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG