Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости парванда алайҳи Дмитрий Медведев ва Алишер Усмонов


Русия - Дмитрий Медведев

Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний бо дархости боз намудани парванда алайҳи нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ва султони сарват Алишер Усмонов ба Кумитаи тафтишот муроҷиат кардааст. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" рӯзи 2 март хабар дод.

Дар изҳороти ин гурӯҳ гуфта мешавад, соли 2010 Алишер Усмонов ба бунёди пуштибонӣ аз тарҳҳои иҷтимоии давлатӣ, ки онро Медведев идора мекунад, заминеро бо хонаи истиқоматӣ дар шоҳроҳи Рублево-Успенский тақдим кард. Қимати ин мазраа ва ҳавлӣ 5 миллиард рубл ҳисоб шудааст.

Ба гуфтаи ҷонибдорони Навалний, инро метавон ҳамчун ришва арзёбӣ кард, зеро фаъолият Усмонов ба қарордодҳои давлатӣ ва тасмимҳои Медведев бастагӣ дорад.

Рӯзи 1 март Бунёди мубориза бо фасод таҳқиқоти худро дар бораи дороиҳои "люкс"-и Медведев дар Русия ва хориҷ аз он нашр кард, ки ба гуфтаи ин бунёд, бо роҳи ғайриқонунӣ дастрас шудаанд. Навалний нахуствазир Медведевро ба эҷоди тарҳи коррупсионии бисёрсатҳӣ муттаҳам кард, ки дар асоси бунёдҳои хайрия кор мекунанд ва идораи онҳо низ дар дасти нафарони боэътимоди Медведев аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG