Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

21 сол ҳабси як сокини ноҳияи Айнӣ барои куштори Муборак Латифзода


Акси Гулсара Ҳафиззода аз навори Телевизиони "СМ-1"
Акси Гулсара Ҳафиззода аз навори Телевизиони "СМ-1"

Гулсара Ҳафиззода – як сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд – ба ҷурми куштори хоҳаршӯяш 21 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Қарори додгоҳи вилояти Суғд дар ин замина рӯзи 2 март содир гардид. Додрас гуфт, ки Ҳафиззода бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в” ва “е”-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум шуда, мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ паси сар хоҳад кард. Телевизиони маҳаллии “СМ-1” рӯзи 2 март сухани ниҳоии Гулсара Ҳафиззодаро намоиш дод, ки ӯ аз кардааш изҳори пушаймонӣ намуда, вале дар айни замон аз муносибати начандон хуби хоҳаршӯяш бо ӯ шикоят мекунад. Гулсара Ҳафиззода моҳи ноябри соли 2016 боздошт шуда буд. Мақомоти пулиси Суғд он вақт гуфтанд, ки Гулсара хоҳаршӯяш Муборак Латифзодаи 24-соларо аз баландии 8 метр ба ҷарӣ тела дода ва сипас ба сару рӯяш бо санг задааст. Хонаводаи Муборак Латифзода барои келини худ 23 соли зиндон талаб карда буданд. Аммо волидони Гулсара мегӯянд, ки зоҳиран хоҳаршӯяш "ҷони духтари онҳоро ба лаб оварда буд".

XS
SM
MD
LG