Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризояти Рустами Эмомалӣ барои баргузории "Авто-Бону-2017"


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе – барои баргузории озмуни "Авто-Бону-2017" иҷозат додааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе 2 март гуфт, ки ин маърака рӯзи шанбе дар пойгоҳи мошинронии воқеъ дар километри ҳафтуми шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Шаҳрдорӣ афзудааст, "макони ҷамъшавӣ ва сабти иштирокдорон дар назди "Наврӯзгоҳи пойтахт" муқаррар гардида, баъдан қатори мошинҳо ҳаракатро тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳофизи Шерозӣ – Исмоили Сомонӣ – Рӯдакӣ – Садриддин Айнӣ то пойгоҳи автомобилронӣ анҷом диҳанд. Озмуни нахустини "Авто-Бону" аз тарафи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба соли 2015 эълон шудани "Соли оила" баргузор гардида, дар он 24 нафар довталабона иштирок карда буданд. Яке аз ҳадафҳои баргузории ин озмун "ҷалби таваҷҷӯҳи сокинон ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ" гуфта мешавад. Инчунин, дар ин озмун ба намуди зоҳирии мошинҳо, зебу зиннат ва муаррифии ронандагон баҳо гузошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG