Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Амрико мулоқоташ бо сафири Русияро рад кард. ВИДЕО


ИМА - Додситони кулли Амрико Ҷефф Сешенс ҳангоми суханронӣ дар Департаменти адлия. Вашингтон, 28 феврали соли 2017.
ИМА - Додситони кулли Амрико Ҷефф Сешенс ҳангоми суханронӣ дар Департаменти адлия. Вашингтон, 28 феврали соли 2017.

Ҷефф Сешнс, додситони кулли Иёлоти Муттаҳида маълумот дар бораи тамос бо сафири Русия, дар ҷараёни маъракаи интихоботии соли гузаштаро рад кард. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 2 март хабар дод.

Рӯзи гузашта нашрияи The Washington Post навишт, ки Сешнс дар замони сенатор буданаш ду дафъа бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк мулоқот дошт.

Ба навиштаи нашрия, яке аз мулоқот моҳи сентябри соли гузашта, замоне сурат гирифт, ки матбуот дар бораи ҳамлаҳои ҳакерӣ ба элементҳои сохтори инитхоботии ИМА хабар дод. Баъдан дар ин рахнагарӣ Русия муттаҳам шуд. Ҳангоми тасдиқи номзадии Ҷефф Сешнс дар Сенати Амрико, ӯ дар бораи мулоқоташ бо сафир чизе нагуфт.

Моҳи феврали соли равон ёвари президент дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн дар ҳоле истеъфо дод, ки маълумот дар бораи мулоқоти ӯ бо сафири Русия дар Вашингтон ва баҳси таҳримҳои алайҳи Маскав дар ин мулоқот ошкор шуд.

Мақомдори амрикоӣ мулоқот бо сафири русро ошкор накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

XS
SM
MD
LG