Пайвандҳои дастрасӣ

Франсуа Фийон дар ростои иттиҳоми суиистифода аз буҷаи умумӣ


Фаронса - Франсуа Фийон, номзади муҳофизакор дар интихоботи зудраси Фаронса.

Франсуа Фийон, номзади муҳфизакор дар интихоботи қарибулвуқӯи Фаронса, гуфт, сарфи назар аз нияти додгустар, ки мехоҳад ӯро бо иттиҳоми суистифода аз буҷаи умумӣ таҳти бозҷӯии расмӣ қарор диҳад, аз сабқати интихоботӣ хориҷ намешавад.

Фийони 62-сола, нахуствазири пешини Фаронса, ки аз тарафи ҳизби Ҷумҳурихоҳ номзад пешбарӣ шудааст, дар оғози сабқат аз номзадҳои дилхоҳ номбар мешуд.

Аммо ӯ ҳоло дар ростои иттиҳоме қарор дорад, ки ба ҳамсараш Пенелопа ва фарзандонаш, барои ҷойҳои кории қалбакӣ дар порлумон, даҳсолаҳо боз садҳо ҳазор евро пардохт кардааст. Худи Фийон рӯзи 1 март ҳадафи иттиҳомро "талоши берун кардани ӯ аз сабқати президентӣ" унвон кард.

Додгоҳи Фаронса дар заминаи ин иддао ҳафтаи гузашта таҳқиқоти пурраи додгоҳӣ оғоз кард.

Интихоботи президентии Фаронса аз ду давр иборат буда, рӯзҳои 23 апрел ва 7 май баргузор мешавад. Бар пояи назарсанҷии охири моҳи феврал, ростгарои ашадӣ Марин Ле Пен дар даври аввали интихобот пирӯз мешавад, вале дар даври дувум метавонад сабқатро ба номзади мустақил Эмануел Макрон бой диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG