Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон корманди пулис 11 ҳамхидматашро паррондааст


Афғонистон - Интиқоли пулиси маҷрӯҳшуда ба бемористон, баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул. 10 январи соли 2017.
Афғонистон - Интиқоли пулиси маҷрӯҳшуда ба бемористон, баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул. 10 январи соли 2017.

Дар ҷануби Афғонистон як корманди пулис 11 ҳамхидмати худро, ки дар нуқтаи назоратие хоб буданд, паррондааст. Сухангӯи волии Ҳилманд Умар Звак мегӯяд, ин ҳодиса шаби 27 феврал дар маркази ин вилоят - шаҳри Лашкаргоҳ рух додааст.

Ба гуфтаи Звак, ҳамлагар ба воситаи мошини хидматӣ силоҳ ва лавозимоти қурбониёнашро гирифта, ғайб задааст. Эҳтимол дорад, ӯ ба сафи ҷангҷӯёни ҳаракати даҳшатафкани Толибон, ки масъулияти ҳамларо ба зимма гирифт, пайвастааст.

Ҳамлаҳои ба истилоҳ "афроди дохилӣ", ки дар натиҷаи онҳо низомӣ ё пулиси афғон зидди ҳамхидматон ё нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз силоҳ истифода мекунад, барои Афғонистон мушкили ҷиддиеро дар пай хоҳад дошт.

Шаҳри Лашкаргоҳ яке аз минтақаҳои вилояти Ҳилманд аст, ки зери идораи ҳукумат қарор дорад.

XS
SM
MD
LG