Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазон


Додгоҳе дар шаҳри Қазони Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз ба 1 солу 3-моҳии зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Додгоҳ рӯзи 1 март гуфт, Икромиддин Файзиев ва Бахтовар Вайсов бо вуҷуди онки то соли 2025 ҳаққи вуруд ба Русияро надоштанд, вале талош кардаанд, аз рустои наздимарзие дар Қазоқистон пиёда ба қаламрави Русия гузаранд.

Онҳо моҳи августи соли гузашта дастгир шуда ва то кунун дар боздоштгоҳ ба сар мебурданд. Ахиран Душанбе ба Маскав пешниҳод кард, ки ҳукми ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро бозбинӣ карда ва ин тоифаи муҳоҷиронро мавриди афв қарор бидиҳад. Ин пешниҳод дар мулоқоти мақомоти баландпоияи Тоҷикистону Русия, ки рӯзи 27 феврал бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар "Қасри миллат"-и Душанбе сурат гирифт, баён шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 270 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд. Мақомоти Русия низ дар охири моҳи январи имсол расман гуфтанд, ки масъалаи афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро баррасӣ доранд ва қарор аст, “гуноҳи” то 70 ҳазори онҳоро бибахшанд.

XS
SM
MD
LG