Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Агар Бишкек хоҳад, "Кант"-ро тарк мекунем"


Президент Владимир Путин гуфт, агар Қирғизистон ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Кант эҳтиёҷ надошта бошад, Москва омодааст, ки онро барорад. "Мо ягон зарурате ба ҷойгир кардани пойгоҳи худ дар ин ҷо надорем. Он танҳо ба як чиз – таъмини амнияти худи Қирғизистон вобастааст", – гуфт раҳбари Русия.

Ин изҳороти Путин дар нишасти хабарии якҷояи ӯ бо раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 28 феврал дар Бишкек садо дод. Аммо зикр шуд, ки дар гуфтушуниди тарафҳо на масъалаи пойгоҳи Кант, балки таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи Отамбоев, Русия мехоҳад, артиши Қирғизистонро бо кадр ва силоҳ таҳким бахшад.

Дар навбати худ Путин таърихчаи таъсиси пойгоҳи Кантро ёдовар шуд. "Он бо дархости раҳбарияти Қирғизистон дар солҳои 1999-2000 созмон ёфт. Он вақт Қирғизистон бо ҳамлаи террористони байнулмилалӣ рӯбарӯ гашт, ки аз Афғонистон омада буданд. Раҳбарони вақти Қирғизистон он замон шахсан аз ман хоҳиш карданд, ки фавран гурӯҳи низомӣ ва пеш аз ҳама нерӯи ҳавоиро дар ин ҷо ҷойгир кунам, то имкони муборизаи муассир бо таҳдиди террористӣ фароҳам шавад", – гуфт Путин.

Дар посух ба пурсиши хабарнигорон роҷеъ ба интиқоли қудрат дар Қирғизистон Путин гуфт: "Мо ҳаргиз ба кори кишварҳои дигар дахолат намекунем ва бар онем, ки ҳама гуна интиқоли қудрат бояд дар чаҳорчӯби Конститутсияи кишвар ва қонунҳои амалкунандаи он ҷараён гирад". Вай ишора кард, ки бояд дар ҳамаи қаламрави пасошӯравӣ ба субот арҷ гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG