Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Назарбоев ноиби раиси федератсияи футбол шуд


Ойсултон Назарбоев, набераи раисиҷумҳури Қазоқистон иҷрокунандаи вазифаи ноиби раиси Федератсияи футболи ин кишвар таъйин шуд. Ба гуфтаи раиси федератсия Сеилда Байшаков, Назарбоев масъулияти робита бо созмонҳои байнулмилалии ФИФА, УЕФА ва Анҷуманҳои миллиро бар дӯш хоҳад дошт.

Ойсултон Назарбоев борҳо шеваи кори раҳбарияти пешинаи федератсияро расман танқид карда, дар соли 2015 номзадии худро дар интихоботи раиси он пешбарӣ карда буд. Шароити ба мақоми ноиби раис таъйин шудани ӯ норӯшан аст ва бино бар сомонаи федератсия, вазифаи ноиби раис дар умури равобит бо созмонҳои байнулмилалӣ ҳамоно холист.

Пештар вазифаҳои хоси ноибони раиси федератсияи футболи Қазоқистон эълон намешуданд ва дар ин мақом Олҷас Абраев ва Азамат Айтхожин кор мекарданд, вале ба огаҳии сомонаҳои варзишӣ Абраев дар нимаҳои феврал аз вазифа рафтааст.

XS
SM
MD
LG